- хаёл
- [خيال]а1. фикр, андеша2. пиндошт, гумон, зан(н)3. орзу, тасаввур: хаёлҳои ширини ҷавонӣ4. он чи дар хоб дида шуда дар андешаи кас пайдо мешавад; он чи аз дида дар хотир мемонад; ба хаёлам… ба фикри ман, аз рӯи пиндор ва гумони ман; хаёли хом фикри беасос, орзуи ношуданӣ, пиндори нодуруст; ба хаёли касе, чизе афтодан орзуманди касе, чизе шудан; аз хаёл гузарондан фикри чизеро кардан; хаёл доштан орзу доштан, дар фикри чизе будан; хаёл кардан фикр кардан, тасаввур кардан, пиндоштан; хаёл паридан парешонхотир шудан, мушавваш будан; ба хаёл расидан ба хотир овардан, ба ёд омадан; ба хаёл (фурӯ) рафтан ғарқи фикру андеша шудан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.